mrc_tajikistan

Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ

Вуруди қонунӣ

Ҳамеша назорат кунед, ки шиносномаи шумо эътибор дошта бошад.

Муҳлати амали онро на камтар аз ду моҳ пеш аз анҷоми муҳлат дар намояндагии дахлдори Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тамдид намоед.

Агар шумо шиносномаи худро гум кунед, фавран ба намояндагии Тоҷикистон хабар диҳед ва маълумоти муфассал, аз ҷумла рақами шиноснома, сана ва ҷои додани он, ному насаб, инчунин санаи воридшавӣ ба кишвари таъинотро пешниҳод намоед. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки ҳамеша нусхаи шиносномаи худро нигоҳ доред. Нусхаи шиносномаи худро, аз ҷумла нусхаи электрониро, дар ҷое нигоҳ доред, ки барои шумо дастрас бошад.

Муҳлати амали раводид/шартномаи меҳнатии худро то анҷоми муҳлати он тамдид намоед. Агар шумо қарор диҳед, ки барои рухсатӣ ба Тоҷикистон баргардед, боварӣ ҳосил кунед, ки муҳлати амали раводиди шумо пеш аз бозгашт ба кишвари таъинот ба охир намерасад.

Пас аз анҷоми муҳлати амали раводид дар кишвари таъинот намонед.

Шуғли қонунӣ

Ҳамеша эътибори иҷозатномаи кор ё ҳуҷҷати ҳаммонанди аз ҷониби кишвари таъинот додашударо санҷед.

Ҳамеша боварӣ ҳосил кунед, ки шумо шартномаи меҳнатии эътиборнок барои муҳлати муайян доред.

Қонунҳои кишвареро, ки дар он кор мекунед, риоя намоед, ҳатто агар онҳо сахт ё ноодилона ба назар расанд.

Чӣ гуна ҳуқуқҳои худро ҳимоя кардан мумкин аст

Ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ, шумо бояд инро дар хотир дошта бошед ва нисбат ба ҳолатҳои зӯроварӣ ва истисмор ҳушёр бошед. Агар нишонаҳои чунин ҳолатҳо вуҷуд дошта бошанд, фавран ин масъаларо бо роҳбари худ, корфармо ё агенти ҷалби коргарон муҳокима намоед. Агар масъала фавран ҳал нашавад, дар ин бора ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар муассисаҳои салоҳиятдор, инчунин ба сафорати худ хабар диҳед, ки дар он ҷо метавонанд ба шумо кумак расонанд.

Дар ҳолате, ки шумо аз вокуниши ин муассисаҳо қонеъ набошед, масъала метавонад ба мақомоти судии маҳаллӣ пешниҳод карда шавад.

Чӣ гуна шумо метавонед вайроншавии ҳуқуқҳои меҳнатии худро ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ муайян намоед?

Вайроншавии ҳуқуқҳои меҳнатии шумо ҳама гуна шаклҳои муносибати ноодилона ё ғаразнокро дар ҷойи кор дар бар мегирад. Намунаҳои вайроншавии ҳуқуқҳои меҳнатӣ инҳоянд:

Иваз намудани шартнома
Давомнокии аз ҳад зиёди вақти корӣ
Таъхир дар пардохт, инчунин напардохтани музди меҳнат ва дигар подошҳо
Тарҳҳои ғайриқонунӣ аз музди меҳнат
Шароити хатарноки меҳнат бе чораҳои зарурии ҳифзи меҳнат
Зӯроварии ҷисмонӣ, молиявӣ ва/ё равонӣ, инчунин озори ҷинсӣ

Ҳамеша дар хотир доред: иқомат ва шуғли қонунӣ дар хориҷи кишвар кафолати зиндагии бехатар аст!