mrc_tajikistan

Мехоҳед ба хориҷи кишвар равед

Оё шумо ният доред аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафар кунед? Шояд барои кор, таҳсил ё пайвастан ба оилаатон дар хориҷа? Агар ҳа, лутфан ба маслиҳатҳои зерин риоя кунед, то худро дар амният нигоҳ доред ва нагузоред, ки дигарон аз ҳолати осебпазири шумо истифода баранд.

Огоҳ ва бохабар бошед

Пеш аз қабул кардани қарор оид ба муҳоҷират, ҳарчи бештар маълумот гиред: дар бораи ҷойе, ки дар он зиндагӣ мекунед; коре, ки иҷро хоҳед кард; ва шахсоне, ки ҳамроҳи шумо мераванд. Бо маводҳои Маркази захиравӣ барои муҳоҷирон шинос шавед. Бо дӯстон, оила, мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ суҳбат кунед.

Қонунӣ муҳоҷират кунед

Танҳо дар ҳолате муҳоҷират кунед, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла раводид ва иҷозатномаи корро дошта бошед. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ шуморо ба хатарҳои зиёд, аз ҷумла истисмори меҳнатӣ бе пардохти музди меҳнат, рӯ ба рӯ мекунад.

Рекрутерро шиносед — агентии шуғл / корфармо

Ба ҳама бовар накунед. Дар бораи агентии шуғле, ки ба шумо барои пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар кӯмак мекунад, ҳарчи бештар маълумот гиред. Обрӯю эътибори онҳо чӣ гуна аст? Оё онҳо барои фаъолияти худ иҷозатнома доранд? Оё онҳо аз шумо хоҳиш мекунанд, ки дар бораи худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод кунед ё бе шартнома кор кунед?

Шартнома имзо кунед

Шартномаҳо муҳиманд! Аз агентии шуғл хоҳиш кунед, ки бо шумо шартнома имзо кунад. Вақте ки шумо кор пайдо мекунед, аз корфармо хоҳиш кунед, ки бо шумо шартномаи меҳнатӣ имзо намояд. Бе шартнома кори шумо ғайриқонунӣ мебошад.

Ҳуҷҷатҳои худро эҳтиёт кунед

Ҳуҷҷатҳои шахсии худро дар ҷои бехатар нигоҳ доред. Аз шиноснома, раводид, шартномаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим нусха гиред. Нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои худро дар ҷои боэътимод нигоҳ доред, нусхаҳои онҳоро бошад, ҳамеша бо худ дошта бошед. Ҳуҷҷатҳои худро ба дигарон надиҳед ва нагузоред, ки касе онҳоро нигоҳ дорад.

Дар ҳолатҳои фавқулода

Омода бошед. Ҳамеша бо худ рӯйхати рақамҳои муҳими телефонро дошта бошед, аз ҷумла рақами полиси маҳаллӣ, ёрии таъҷилӣ, хадамоти оташнишонӣ, дӯстон ва оила, сафорат ё шуъбаи консулӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои касаба ва ассотсиатсияҳои муҳоҷирон.

Бо дигарон дар тамос бошед

Дар кишвари дигар танҳо намонед! Бо дӯстон ва оилаи худ дар Ватан мунтазам дар тамос бошед. Ба онҳо хабар диҳед, ки аҳволатон хуб аст ва дар амният ҳастед. Бо дигар муҳоҷирон дӯстӣ ва муошират кунед. Бо ин роҳ шумо метавонед ба ҳамдигар кӯмак ва дастгирӣ расонед.

Худро ҳимоя кунед

Агар шумо бо мушкилот рӯ ба рӯ шавед, аввал бо роҳбари худ дар ҷойи кор суҳбат кунед. Агар ин кӯмак накунад, барои маслиҳат ва ҳимоя ба иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат намоед. Дар ниҳоят, шумо ҳамеша метавонед дар бораи мушкилот ба мақомот хабар диҳед, масалан ба Сафорати Тоҷикистон муроҷиат кунед ва аз онҳо ҳимоя пурсед.