mrc_tajikistan

Семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори кормандони Хадамоти муҳоҷират дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон

10 November 2026

27 марти соли 2026 Маркази захиравии муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Тоҷикистон барои кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Маркази омодагии пеш аз сафар ва машваратдиҳӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Дар рафти семинар стандартҳои байналмилалӣ, қонунгузории миллӣ ва шаклҳои нави хариду фурӯши одамон, аз ҷумла хариду фурӯши одамон бо мақсади гирифтани узвҳои бадан ва ҷалб намудани шахсон ба фаъолияти маҷбурии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Коршиносони UNODC ва намояндагони Хадамоти муҳоҷират донишу таҷрибаи амалии худро бо иштирокчиён мубодила намуданд.

Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани иқтидори касбии иштирокчиён дар самти муайян намудани хавфҳои хариду фурӯши одамон, беҳтар намудани фаҳмиши онҳо оид ба заминаҳои ҳуқуқии дахлдор ва тақвияти саҳми онҳо дар пешгирӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон буд.