mrc_tajikistan

Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи REMIT PRIME (IFAD), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо

9 June 2026

Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи REMIT PRIME (IFAD), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, лоиҳаеро амалӣ менамояд, ки ба рушди пардохтҳои фаромарзӣ тавассути васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии молиявӣ, баланд бардоштани фарогирии молиявӣ ва дастгирии муҳоҷирони баргашта дар ташкили манбаъҳои устувори даромад, махсусан дар минтақаҳои деҳот, равона шудааст.

Дар доираи моҳи саводнокии молиявӣ, ки бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, инчунин дар доираи татбиқи лоиҳа, АФОТ бо дастгирии шарикон CASP+, МД ЛРД ва дар ҳамкорӣ бо ICMPD / MRC Tajikistan дар моҳи апрел барои аҳолии ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор як силсила тренингҳоро дар мавзӯи «Саводнокии молиявӣ ва идоракунии интиқолҳои пулӣ» баргузор намуд.

Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён асосҳои муҳими саводнокии молиявиро омӯхтанд:

Ҳадафҳои молиявӣ ва роҳҳои расидан ба онҳо;

Тафаккури молиявӣ ва маҳдудиятҳои зеҳнӣ;

Буҷети оилавӣ ва банақшагирӣ;

Пасандоз;

Идоракунии интиқолҳои пулӣ барои қабулкунандагон;

Хизматрасониҳои рақамӣ ва молиявӣ;

Амният ҳангоми истифодаи пулҳои рақамӣ;

Занон ва мустақилияти молиявӣ.

Таваҷҷуҳи махсус ба қабули қарорҳои асосноки молиявӣ дар ҳаёти ҳаррӯза равона карда шуд.

Ҳамчунин иштирокчиён дар бораи фаъолияти MRC ва хизматрасониҳои дастрас, маълумоти умумии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин роҳҳои шинохти қаллобӣ дар соҳаи корёбӣ дар хориҷ аз кишвар маълумоти муҳим гирифтанд.

Тренингҳо ба майдони амалии омӯзиш табдил ёфтанд, ки дар он иштирокчиён на танҳо дониш, балки воситаҳои воқеиро барои баланд бардоштани устувории молиявӣ ва таъмини муҳоҷирати бехатар ба даст оварданд.