mrc_tajikistan

Боздидҳои омӯзишии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон

6 October 2026

Дар ин моҳ Маркази захиравии муҳоҷирон Тоҷикистон ва ҳайати Тоҷикистон дар як қатор боздидҳои омӯзишӣ дар Покистон, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) ташкил карда шуданд, иштирок намуданд.

Дар доираи барнома чорабиниҳои зерин баргузор гардиданд:

  • Брифинги муштарак оид ба фаъолияти Вазорати кор бо шаҳрвандони Покистон дар хориҷ ва рушди захираҳои инсонӣ (MOPHRD), инчунин модели фаъолияти MRC Покистон дар назди Вазорати кор бо шаҳрвандони Покистон дар хориҷ ва Корпоратсияи шуғли хориҷӣ;
  • Боздид аз Раёсати ҳифзи муҳоҷирон (Protectorate of Emigrants) дар шаҳри Равалпинди;
  • Боздид аз Коллеҷи сайёҳӣ ва менеҷменти меҳмонхонаҳо (COTHM) дар шаҳри Равалпинди.

Боздидҳои омӯзишӣ ба иштирокчиён имконият фароҳам оварданд, ки таҷрибаи худро мубодила намуда, бо таҷриба ва равишҳои Покистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагӣ ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон шинос шаванд.