mrc_tajikistan

Як пиёла чой бо Медиа»: муколама оид ба муҳоҷирати бехатар ва нақши воситаҳои ахбори омма

10 July 2026

9 июли соли 2026 дар маҷмааи «Грин Вуд Хаус» вохӯрии намояндагони воситаҳои ахбори омма, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи коршиносон, блогерҳо ва шарикони иттилоотӣ дар доираи ташаббуси «Як пиёла чой бо Медиа» баргузор гардид. Чорабинӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва таҳкими ҳамкорӣ байни ВАО ва ташкилотҳои фаъол дар соҳаи муҳоҷират бахшида шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён масъалаҳои марбут ба инъикоси равандҳои муҳоҷират, нақши воситаҳои ахбори омма дар огоҳсозии аҳолӣ ва аҳамияти паҳн намудани маълумоти дақиқу боэътимод оид ба муҳоҷирати бехатар ва қонуниро муҳокима намуданд.

Барномаи чорабинӣ муаррифиҳои намояндагони Маркази захиравии муҳоҷирон (МЗМ), намояндагони ВАО, агентиҳои хусусии шуғл ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро дар бар гирифт. Иштирокчиён таҷрибаи худро оид ба кор бо мавзӯи муҳоҷират мубодила намуда, шаклҳои самараноки омодасозии муҳтавои иттилоотӣ ва имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои пешгирии қаллобӣ дар соҳаи муҳоҷират, роҳҳои қонунии шуғл дар хориҷи кишвар, нақши платформаҳои рақамӣ дар паҳн намудани иттилоот, инчунин таҷрибаҳои муваффақи муҳоҷирати меҳнатӣ ва реинтегратсия равона гардид.

Дар доираи муҳокимаи озод иштирокчиён андеша ва тавсияҳои худро оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда байни ВАО ва ташкилотҳои фаъол дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод намуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатарро таъкид карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ аҳамияти муколамаи мунтазам байни намояндагони ВАО ва коршиносони соҳаи муҳоҷират барои таъмини иттилооти дақиқ ва босифат ба аҳолӣ бори дигар таъкид гардид.