Маркази Байналмилалии Рушди Сиёсати Муҳоҷират (ICMPD) хохишмандонро барои ширкат дар ҷоизаи "Migration Media Awards" 2024 даъват мекунад.
Ҳар як шахс ё созмоне, ки дар Тоҷикистон ва ё хориҷи кишвар воқеъ аст, метавонад ба ҷоиза ҳама гуна кори ВАО, агентии соҳибихтисос/ташкилоти дар Тоҷикистон сабтиномшуда ё ашхоси алоҳидаро пешбарӣ кунад. Номзад метавонад дар як категория зиёда аз як дархост/номзад пешниҳод намояд. Дар озмун ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Тоҷикистон ва/ё берун аз он зиндагӣ мекунанд, новобаста аз синну сол, ҷинс ва нажод иштирок карда метавонанд.
Ҳама пешниҳодҳо бояд муҳтавои дар ВАО нашршуда ё дастовардҳои номзадҳо, ки дар давраи аз 1 июли соли 2022 то 30 сентябри соли 2024 амалӣ шудаанд, бошанд.
Муҳтавои номзадҳо аз рӯи меъёрҳои зерин баҳо дода мешаванд:
1.Саҳми барҷаста дар инъикос ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои муҳоҷират аз/ба Тоҷикистон.
2.Садоқат ва ҳавасмандӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва некӯаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ва/ё оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон.
3.Дастовардҳои назаррас дар тарғиби симои мусбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин робитаи муҳоҷират ва рушд.
4.Муҳтаво бояд эҷодкорона, аслӣ ва навоварона бошад. Муҳтавои эҷодкорона, аслӣ ва навоварона, ки ба муҳоҷирати бехатар, қонунӣ ва ботартиб мусоидат менамояд. Мавзуъҳое, ки бояд дар корҳоипешниҳодшуда баррасӣ шаванд: эмигратсия ва иммигратсия, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати қонунӣ, занон ва муҳоҷират, имконоти муҳоҷирати бехатар, мушкилоти муҳоҷират, хатарҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, имкониятҳои муҳоҷират, таърихи муваффақияти муҳоҷирон, бозгашт ва реинтегратсия, интиқолҳои пулӣ, оилаҳо ва фарзандони муҳоҷирон, диаспораҳо ва ҷомеаҳои муҳоҷирон дар хориҷа, инчунин ҳама гуна мавзӯъҳои марбут ба муҳоҷират.
Барои маълумоти бештар ба линки зерин ворид шавед.
Барои иштироки шахсони воқеъӣ: зеркашӣ намудан.
Барои иштироки ((ташкилот/васоити ахбори омма/шахсони дигар [на шахсони воқеӣ])): зеркашӣ намудан.