Семинари банақшагирии стратегияи Маркази захиравии муҳоҷирон.
Маросими расмии кушодашавии Маркази захиравии муҳоҷирон
Маросими ифтитоҳи платформаи онлайн, ки барои омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст

Бо диққат бошед!

Сафар кардан бе раводид, иҷозатномаи кор ё дигар ҳуҷҷатҳои қонунӣ ё гузаштани ғайриқонунии марз қарори хато мебошад. Агар шумо тамоми ҳуҷҷатҳои қонунии заруриро барои сафар ба хориҷа надошта бошед, шумо худро зери хатари калон қарор медиҳед. Агар шумо сарҳади кишвари воридшавиатонро бидуни раводид гузаред, шумо ба қонуншиканӣ даст мезанед. .

Агар шумо ба кишвари дорои низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон сафар кунед – аввал маълумотро оид ба талаботи вурудшавӣ, ҳадафҳои раводид ва мӯҳлати будубош бидуни қайд, зарурати бақайдгирӣ дар мақомоти маҳаллӣ ва ғайраро санҷед.

 

Эҳтиёт шавед!

Гурӯҳҳои ҷиноие вуҷуд доранд, ки аз одамоне, ки мехоҳанд ғайриқонунӣ сафар намоянд, истифода баранд.

Онҳо ваъда медиҳанд, ки шуморо ба кишвари интихобкардаатон мебаранд, аммо ба шумо дар бораи сафари пуразоб, зарурият ба пинҳон шудан дар мошинҳои боркаш ва дигар шароитҳои ғайриинсонӣ намегӯянд. Онҳо ба шумо намегӯянд, ки пас аз расидан ба кишвари нав ба шумо иҷозат дода намешавад, ки кор кунед ва эҳтимолияти бенатиҷа будани сафар вуҷуд дорад, зеро кишваре, ки шумо ба он омадаед, шуморо ба Тоҷикистон бармегардонад. Чунин гурӯҳҳо метавонанд шуморо маҷбур кунанд, ки тамоми пасандозҳои худро дар сафари бефоида аз даст диҳед.

 

Дигар ҳолатҳо метавонанд шуморо зери хатар гузоранд

Агар шумо ба хориҷи кишвар қонунӣ сафар намоеду, лекин аз мӯҳлати эътибори раводид / иҷозатномаи кор зиёдтар дар он ҷо бимонед, шумо муҳоҷири ғайриқонунӣ хоҳед шуд, ки оқибатҳои ҳуқуқӣ доранд. Дар хотир нигоҳ доред, ки бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё иҷозатномаи мӯҳлати эътибордошта, шумо ҳамеша дар ҳолати осебпазир хоҳед буд. Агар шумо ҳоло дар Федератсияи Россия бошед, то санаи 30 сентябри соли 2021 дар мақомотҳои маҳаллиатон худро дар қайд монед. Маълумоти муфассал ва маълумот барои тамосро дар инҷо пайдо кардан мумкин аст.

 

Бе иҷозатномаи қонунӣ мақомотҳои хориҷӣ шуморо хориҷ мекунанд ва ба Тоҷикистон бармегардонанд

Гурӯҳҳои ҷиноӣ инчунин метавонанд дар хориҷа ҷойҳои корӣ ё дигар имкониятҳоро ваъда диҳанд. Онҳо метавонанд қурбониёни худро маҷбур кунанд, ки корҳои вазнинро бемузд иҷро кунанд ё онҳоро ба намудҳои дигари истисмор маҷбур кунанд, аз он ҷумла кори маҷбурӣ ё танфурӯшии маҷбурӣ.

 

Барҳазар бошед!

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан ба намояндагони “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти Муҳоҷират ва ё ба Маркази захиравии муҳоҷирон (МЗМ) дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоед.