Семинари банақшагирии стратегияи Маркази захиравии муҳоҷирон.
Маросими расмии кушодашавии Маркази захиравии муҳоҷирон
Маросими ифтитоҳи платформаи онлайн, ки барои омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст

Кӣ метавонад кумак кунад?

Мо ҳамкории зич бо тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дорем, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба хориҷа сафар кунанд ё ба ватан баргарданд, ё ин ки дар дигар кишвар ба мушкилиҳо дучор шудаанд, дастгирии иттилоотӣ мерасонанд. Мо шуморо ба муассисаи марбути давлатӣ ё ТҒД равона мекунем, ки метавонад дар соҳаи тахассусашон дар тӯли иқомати шумо дар хориҷа кӯмак кунад. Рӯйхати муассисаҳо ва хидматҳои зерин барои таваҷҷӯҳи шумо пешниҳод шудааст:

 

  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия:

Консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба шаҳрвандони Тоҷикистон хизмат мерасонад. Аз чумла расонидани кумак дар ҳалли мушкилоти онҳо дар доираи қонун, омода кардани ҳуҷҷатҳо (раводид, шиносномаҳо, ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, шаҳодатномаҳо ва ғайра). Инчунин Консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият мекунанд. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва маълумот барои тамос бо Консулгариҳои генералии Тоҷикистон, ба истиноди зерин гузаред https://www.tajembassy.ru

 

  • Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Шумо метавонед маълумотро барои тамос бо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа дар истиноди зерин пайдо намоед: https://mfa.tj/ru

 

  • Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таъмини муҳоҷирати бехатар, мунтазам ва осон барои шаҳрвандони Тоҷикистон қабл аз муҳоҷират, ҳангоми муҳоҷират ва пас аз он масъул мебошад. Дар асоси ҳадафи муайяншуда, Вазорати меҳнат (ВММША):

  • дастгирии методиро барои таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба мусоидат ба шуғли корҷӯён ва бекорон, аз ҷумла тавассути рушди соҳибкорӣ ва худтаъминкунӣ таъмин менамояд.
  • якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои пешгирӣ ва кам кардани шуғли ғайрирасмӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
  • таълими касбӣ ва машваратҳои касбӣ барои ҷавонон ва бекорон мутобиқи талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ назорат ва ҳамоҳанг мекунад.
  • оид ба муқаррар намудани квотаҳо барои шуғли шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд ва дар бозори меҳнат рақобатнопазир пешниҳод менамояд.

 

  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар нострификацияи ҳуҷҷатҳои қабулшуда дар бораи таҳсил дар хориҷа мусоидат мекунад ва инчунин ҳар сол ба фарзандони ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ квотаҳоро барои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон медиҳад.

 

  • Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои мавҷудияти бемориҳои хатарноки сироятӣ ташхис мегузаронад, сипас муҳоҷирони эҳтимолиро, дар бораи хулосаи ташхис, пеш аз сафар ба хориҷа ва пас аз бозгашт огоҳ менамояд. Дар марказҳои махсуси вазорат маъракаҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба чораҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО (ВИЧ) ва БПНМ (СПИД), сил ва дигар бемориҳои вазнини сироятӣ дар байни аҳолии кишвар, аз он ҷумла муҳоҷирон, гузаронида мешаванд.

Барои дастур оид ба чӣ кор кардан ва ба куҷо муроҷиат намудан ҳангоми нишонаҳои COVID-19, ба истинодҳои зерин нигаред https://www.muhojir.info/covid; https://www.muhojir.info/news/1048

 

  • Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор ва ҳамоҳангсозандаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) мебошад, ки тавассути сохторҳои тобеи худ дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ (аз он ҷумла дар ВМКБ), ноҳияҳо ва шаҳрҳо иҷрои корҳоро дар ин раванд ташкил ва назорат менамояд.

Тамоми маълумоти заруриро оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар идораи Хадамоти муҳоҷират пайдо кардан мумкин аст. Ба муҳоҷирони меҳнатии хориҷшуда ва аъзоҳои оилаи онҳо тавсия дода мешавад, ки дар навбати аввал ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд, то дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати манъи вуруд маълумот гиранд. Пас аз он, онҳо бояд ба Маркази шуғли аҳолии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд ва ҳамчун бекор худро ба қайд гиранд, то соҳиби ҷои кор шаванд. Лутфан дар хотир гиред, ки Хадамоти муҳоҷират дар Тоҷикистон дар саросари кишвар якчанд шуъбаҳо (филиалҳо) дорад. Дафтари марказии Хадамоти муҳоҷират дар Душанбе, дар кӯчаи Айнӣ, 121 ҷойгир аст ва барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Хадамоти муҳоҷират аз истиноди зерин истифода намоед: http://migration.tj/ru/

 

  • Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират:

Дар ҳолатҳои фавқулодда ва оид ба масъалаҳои дигар марбут ба вазъ ва мақоматон ҳамчун муҳоҷир дар Федератсияи Россия, шумо ҳамеша метавонед ба намояндагӣ, ки дар шаҳри Москва, кӯчаи Тверская-Ямская 2-я, бинои 40/3 1, идораи 207 (метро - Маяковская) ҷойгир шудааст, муроҷиат намоед.

Маълумоти бештарро дар бораи тамос дар поён пайдо кардан мумкин аст:

  • Москва: +7 (495) 967 9844, +7 (926) 255 0927, +7 (968) 733 0000, +7 (926) 462 6201, +7 (903) 597 1213, +7 (926) 876 9049, +7 (910) 443 6335,  +7 (977) 488-8964, +7 (967) 271 0202
  • Санкт-Петербург: +7 (964) 373 7501
  • Екатеринбург: +7 (982) 739 8998
  • Новосибирск: +7 (965) 358 6161
  • Уфа: +7 (915) 488 3223
  • Краснодар: +7 (929) 540 8888
  • Хабаровск: +7 (909) 809 5548
  • Астрахан: +7 (977) 272 0001

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Барои маълумоти бештар дар бораи намояндагиҳо, аз истиноди зерин истифода баред: http://tajmigration.ru/about.html

 

  • Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа  барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тасмим гирифтаанд, ки берун аз қаламрави кишвар кор пайдо кунанд, хизматрасонии машваратии баландихтисос ва миёнаравиро пешниҳод менамояд. Агентӣ инчунин бо ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар корхонаҳое, ки дар Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо фаъолият мекунанд, сарукор дорад. Дар чор шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар, марказҳои муташаккили ҷалбкунӣ ба ҷои кор, кушода шудаанд. Маълумотро дар бораи шуғли қонунӣ дар истиноди зерин пайдо кардан мумкин аст: https://www.facebook.com/948021692061396/posts/948033965393502/

 

  • Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии назди  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, масъалаҳои ҳифзи меҳнат, бақайдгирии созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва қарорҳои меҳнатӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мусоидат ба шуғли аҳолӣ тавассути бакортаъминкунии шаҳрвандони бекор, ба тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, дастгирии молиявии бекорон, ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб намудан, таъйин ва пардохти кӯмакпулиҳо дар давраи бекорӣ ва инчунин роҳнамои касбиро пеш мебарад. Маълумот дар бораи ҷойҳои кории холи дар Тоҷикистонро метавонед дар ин ҷо пайдо кунед: http://kor.tj/

 

  • Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ба вазифаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъалаҳои марбут ба додани шиносномаи дохилӣ, шиносномаҳои оддии сафарӣ-байналмилалӣ, бақайдгирӣ ва дарозмуддат намудани шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ва дигар хизматҳо, дохил мешаванд. Маълумоти бештарро дар истиноди зерин пайдо кардан мумкин аст https://mvd.tj

 

  • Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Маркази ҳуқуқи инсон (МҲИ) – иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ мебошад. МҲИ дар саросари Тоҷикистон амал мекунад. Дафтари МҲИ дар Душанбе ҷойгир аст. МҲИ яке аз ташкилотҳои пешбари ғайридавлатии Тоҷикистон мебошад, ки бо муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ ва шарикони ТҒД кор мекунад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти МҲИ соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки дар он иттиҳодияи мазкур дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират таҷрибаи зиёда аз 20-сола дорад. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи МҲИ, лутфан аз истиноди зерин истифода баред: https://www.muhojir.info

 

  • Маркази шуғли фосилавӣ дар Душанбе:

Ин нахустин маркази шуғли фосилавӣ дар Душанбе мебошад. Марказ омӯзиши касбӣ ва ҳамкориро бо корфармоён дар бахши рақамӣ барои наврасон ва ҷавононе, ки дастрасии маҳдуд ба шуғли устувор доранд, пешниҳод мекунад. Ин марказ ба ҷавонон хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиш ва такмили малакаҳои рақамӣ, машваратдиҳӣ ва дастгирӣ барои ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷойҳои корӣ дар платформаҳои гуногуни фрилансӣ ва онлайн дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, инчунин робита бо корфармоёни эҳтимолиро пешниҳод менамояд. Ғайр аз он, марказ барои хатмкунандагон имконият фароҳам меоварад, ки дар тӯли 3 моҳ ба таври ройгон аз марказ ҳамчун ҷои корӣ истифода баранд ва инчунин бо компютер ва интернет барои кор таъмин бошанд. Бояд қайд кард, ки марказ пурра бо компютер ва интернет муҷаҳҳаз буда, дорои 30 ҷои нишаст ва толори маҷлис мебошад. Шумо метавонед аз истиноди зерин бештар маълумот пайдо намоед: http://dih.tj/, https://www.facebook.com/d.impacthub/

 

  • StudyAbroad.TJ:

Ба шумо машварати ройгон пешниҳод менамояд, барои  гирифтани стипендия кӯмак мерасонад ва вобаста ба имкониятҳо ва ниёзҳоятон шуморо ба самти дуруст равона менамояд. Барои донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар хориҷ таҳсил кунанд маълумот ройгон ва муфид мебошад. Курсҳо, грантҳо, стипендия, дараҷаҳо, ихтисосҳо ва ғайра дар истиноди мазкур: http://studyabroad.tj/

 

  • Корпуси шафқат (Mercy Corps): 

Дар доираи лоиҳаи муҳоҷират, Корпуси шафқат дар Тоҷикистон барномаи мобилӣ таҳия намудааст, ки дастрасии муҳоҷиронро ба хизматрасониҳо ва иттилооти мавҷуда мусоидат мекунад. Шумо метавонед барномаро аз истиноди зерин пайдо намоед:

http://infomuhojir.tj/?fbclid=IwAR1GLVxY_w4Wp3Urc5ZSaHz-O0dQEbDJFLYTVgreAJYYAyfL1wei4f8JkeA

 

  • Ҳелветас:

Дастур оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар дар Федератсияи Россияро таҳия кардааст, ки онро дар истиноди зерин пайдо намудан мумкин аст (истинод ба ҳуҷҷат дар формати PDF пешниҳод карда мешавад).

 

Рӯйхати кишварҳое, ки ба он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид сафар кунанд дар истиноди зерин пайдо намудан мумкин аст: https://www.muhojir.info/faq