Семинари банақшагирии стратегияи Маркази захиравии муҳоҷирон.
Маросими расмии кушодашавии Маркази захиравии муҳоҷирон
Маросими ифтитоҳи платформаи онлайн, ки барои омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст

Пеш аз сафар, чиро бояд бидонед!

МЗМ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Хадамоти муҳоҷират мардумро дар бораи муҳоҷирати бехатар, оиди кор, ҷойгиршавӣ ва таҳсилот, маълумоти муффасал пешниҳод мекунад. Маводҳои иттилоотӣ ва барномаҳои омӯзишӣ ба шумо бартариҳои муҳоҷирати қонунӣ ва инчунин аз хатарҳо ва оқибатҳои муҳоҷирати ғайриқонуниро огоҳ мекунанд.

Маводҳои мазкур дар таҳия ва бошуурона банақша гирифтани сафари шумо кӯмак мерасонанд, то ин ки шумо раванди муҳоҷирати худро ба осонӣ пеш баред. Дарсҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои таълимии мо муҳоҷирати бехатар, тамоюлҳои ҷории муҳоҷират ва манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷиратро дар бар мегиранд. Инчунин маводҳо ва чорабиниҳои мазкур ба шумо барои муваффақ шудан дар хориҷи кишвар маълумоти ибтидоӣ пешкаш менамоянд.

ПЕШ АЗ МУҲОҶИРАТ СЕ ҶАНБАИ АСОСИРО БА НАЗАР ГИРИФТАН ЛОЗИМ АСТ

Пеш аз сафар ба шумо лозим аст, ки дар бораи 3 (се) ҷанбаи асосии муҳоҷират андеша кунед ва дар бораи онҳо барои худ маълумоти бештар пайдо кунед:

ҲУҚУҚӢ

  • Бақайдгирӣ
  • Барасмиятдарорӣ
  • Шартномаи меҳнатӣ
  • Хадамоти консулӣ ва сафорат
  • Ташкилотҳои ғайридавлатие (ТҒД), ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд

 

ИҚТИСОДӢ

  • Хароҷот марбут ба муҳоҷират
  • Хароҷоти патентӣ
  • Ба даст овардани иҷозатномаи кор
  • Пардохти ҳармоҳаи патент
  • Хароҷот барои гузаштани санҷишҳои забон
  • Хароҷоти ҷои зист ва хӯрокворӣ

 

ИҶТИМОӢ

  • Донистани забони кишвари қабулкунанда
  • Фарҳанг ва анъанаҳо
  • Ҳифзи саломатӣ
  • Ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аъзои оила
  • Боғчаҳо ва мактабҳо барои фарзанди шумо
  • Муносибат бо корфармоён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти ҳолатҳои фавқулодда
  • Истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ