Семинари банақшагирии стратегияи Маркази захиравии муҳоҷирон.
Маросими расмии кушодашавии Маркази захиравии муҳоҷирон
Маросими ифтитоҳи платформаи онлайн, ки барои омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст

Таъмини бехатарӣ ҳангоми сафар!

Оё шумо ният доред, ки аз Тоҷикистон ба хориҷа сафар кунед? Шояд барои кор, таҳсил ё ҳамроҳшавӣ ба оилаатон дар хориҷа? Агар ин тавр бошад, лутфан қадамҳои зеринро риоя намоед ва бехатарии худро таъмин кунед, то ин ки одамон аз шумо истифода набаранд! 

 

  1. Ҳамеша огоҳ бошед

Пеш аз гирифтани тасмим ба муҳоҷират, то ҳадди имкон дар бораи макони иқомат; дар бораи коре, ки шумо иҷро мекунед; дар бораи одамони дигар, ки бо шумо мераванд маълумот пайдо намоед. Бо маводҳои Маркази захиравии муҳоҷирон шинос шавед. Бо дӯстон ва оилаатон, мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамсӯҳбат шавед.

 

  1. Муҳоҷирати қонунӣ

Танҳо баъд аз ҷобаҷо намудан ва ба даст овардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз он ҷумла раводид ва иҷозатномаи кор, сафар кунед. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ шуморо ба хатарҳои зиёд, аз он ҷумла истифодаи бемузд, оварда мерасонад.

 

  1. Ҷалбкунанда/агенти шуғл (корфармо)-ро бидонед

Ба ҳама бовар накунед. Дар бораи агенти шуғли аҳолӣ, ки ба шумо дар ёфтани кор дар хориҷа кӯмак мекунад, ҳарчи бештар маълумот гиред. Обрӯ ва шӯҳрати кору фаъолияти онҳо чӣ гуна аст? Оё онҳо барои фаъолият дар самти шуғл иҷозатнома доранд? Оё онҳо аз шумо хоҳиш менамоянд, ки дар бораи худ чизеро дурӯғ гӯед ё бидуни шартнома кор кунед?

 

  1. Шартномаро имзо кунед

Шартнома муҳим аст! Бо агентии шуғли аҳолӣ шартнома имзо кунед. Ҳангоми пайдо кардани кор, хоҳиш кунед, ки бо корфармо шартнома баста шавад. Бе шартнома, кори шумо ғайриқонунӣ аст.

 

  1. Ҳуҷҷатҳои худро эҳтиёт кунед

Ҳуҷҷатҳои шахсии худро эҳтиёт кунед ва дар ҷои бехатар нигоҳ доред.  Бо худ нусхаҳои шиноснома, раводид, шартномаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои ғайраро, нигоҳ доред. Ҳуҷҷатҳои аслии худро дар ҷои бехатар нигоҳ доред ва нусхаҳои онҳоро бояд бо худ гиред. Ҳуҷҷатҳои худро ба одамони дигар надиҳед ва ба касе иҷозат надиҳед, ки онҳоро бо худ нигоҳ доранд.

 

  1. Дар ҳолатҳои фавқулодда

Омода бошед. Ҳамеша рӯйхати рақамҳои муҳимро бо худ нигоҳ доред, аз он ҷумла рақамҳои полиси (милитсия) минтақавӣ / маҳаллӣ, ёрии таъҷилӣ, хадамоти оташнишонӣ, дӯстон ва аъзоҳои оилаатон, сафорат ё шӯъбаи консулии худ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои меҳнатӣ ва иттиҳодияҳои муҳоҷирон.

 

  1. Бо дигарон дар тамос бошед

Худро танҳо намонед! Бо дӯстон ва оилаатон дар кишвари худ робитаи доимӣ барқарор намоед. Ба онҳо хабар диҳед, ки оё шумо дар ҳолати хуб қарор доред ва дар хатар нестед. Дӯст пайдо кунед ва бо дигар муҳоҷирон муошират намоед. Бо ин роҳ шумо метавонед ба якдигар кӯмак ва дастгирӣ расонед.

 

  1. Худро муҳофизат кунед

Агар шумо ба мушкилие дучор шавед, аввал бо роҳбари худ дар ҷои кор сӯҳбат кунед. Агар ин ҳам кӯмак накунад, ба иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои гирифтани маслиҳат ва муҳофизат муроҷиат намоед. Ниҳоят, шумо ҳамеша метавонед масъаларо ба мақомоти дахлдор, масалан, ба сафорати Тоҷикистон арз намоед ва аз онҳо муҳофизат талаб намоед.