Семинари банақшагирии стратегияи Маркази захиравии муҳоҷирон.
Маросими расмии кушодашавии Маркази захиравии муҳоҷирон
Маросими ифтитоҳи платформаи онлайн, ки барои омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст

Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ

Вуруди қонунӣ

Ҳамеша боварӣ ҳосил кунед, ки шумо шиносномаи эътиборнок доред.

Оид ба дароз кардани мӯҳлати амали он на камтар аз ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати амали он ба консулгарии/сафорати дахлдори Тоҷикистон дар хориҷа бояд муроҷиат намоед.

Агар шумо шиносномаро гум кардед фавран ба сафорати/консулгарии Тоҷикистон муроҷиат намоед ва маълумоти муфассали шахсии худро, ба монанди рақами шиноснома, сана ва ҷой додани он, ном ва насаб, инчунин санаи воридшавӣ ба кишвар будубош; аз ин рӯ хеле муҳим аст, ҳамеша нигоҳ доштан бо худ шиноснома. Нусхаи шиносномаро (аз он ҷумла электронӣ), дар ҷои ба шумо ҳамеша дастрас нигоҳ доред.

Раводиди худро/шартномаи меҳнатӣ то ба охир расидани мӯҳлати амали он тамдид намоед. Агар шумо қарор қабул кардед, ба  Тоҷикистон барои рухсатии меҳнатӣ сафар намоед, аник кунед, ки раводиди шумо бо оҳир намерасад, то бозгашти шумо ба кишвари иқомат.

Дар кишвари иқомат баъди ба охир расидани мӯҳлати амали раводид наистед.

Бо кор таъминкунии қонунӣ

  • Ҳамеша этиборнокии иҷозат барои кори худро ё ҳуҷҷати ба он баробарро санҷида бароед.
  • Ҳамеша боварӣ ҳосил кунед, ки шумо шартномаи меҳнатии амалкунанда ба давраи муайяндоред.
  • Қонунҳои кишвари, ки дар он ҷо шумо кор мекунед, ҳатто агар онҳо ба назари шумо дағал ва ноҳақ мебошанд риоя намоед.

Чӣ гуна ҳуқуқҳои худро ҳифз кардан мумкин аст

Хамчун муҳоҷири меҳнатӣ, шумо боя оид ба ҳолатҳои муносибати бераҳмона ва истисмор огоҳ бошед. Агар аломатҳои чунин ҳолатҳо бошад, фавран  онро бо  менеҷер, корфармо е агенти интихоби кормандон муҳокима намоед. Агар масъалаи мазкур фавран хал нагардид ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба дигар  мақомоти ваколатдор ё ба сафорати шумо, ки дар он ҷо ба шумо метавонанд кӯмак расонанд муроҷиат намоед.

Агар шумо аз ҷавоб розӣ набошед, масъала метавонад ба мақомоти судӣ ирсол карда шавад.

Чӣ тавр бояд муайян намоем, ки  ҳуқуқҳои меҳнатии шумо вайрон карда шуданд ?

Вайрон кардани худ ҳуқуқҳои меҳнатии шумо ҳамаи муносибати беинсофона ва ноҳақ дар корро дарбар мегирад. Дар ин ҷо намунаҳои вайронкунии ҳуқуқҳои меҳнатӣ пешниҳод шуданд:

  • Иваз намудани шартнома
  • Давомнокии барзиеди вақти корӣ
  • Гузаронидани мӯҳлати пардохт, инчунин напардохтани музди меҳнат ва дигар кӯмакпулиҳо корфармо
  • Ғайриқонунии тарҳҳо аз музди меҳнат
  • Шароити меҳнати хатарнок бе пешниҳоди чораҳо оид ба ҳифзи меҳнат
  • Ҷисмонӣ, молиявӣ ва/е хушунати равонӣ, довои ҷинсӣ.

Ҳамеша дар хотир доред - зиндагӣ ва бо кор таъминкунии қонунӣ дар хориҷа – ин кафолати бехатарии ҳает!