Семинари банақшагирии стратегияи Маркази захиравии муҳоҷирон.
Маросими расмии кушодашавии Маркази захиравии муҳоҷирон
Маросими ифтитоҳи платформаи онлайн, ки барои омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст

Саволҳои мутадовил

Маркази захиравии муҳоҷирон (МЗМ) чӣ аст?

МЗМ дар Душанбе маркази иттилоотие мебошад, ки барои муҳоҷирати бехатари муҳоҷирон аз Тоҷикистон маълумоти боэътимод ва дастрасро пешниҳод мекунад. МЗМ якҷоя бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (ВММША) ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) ташкил ва идора карда мешавад. МЗМ дар Душанбе, таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии ВММША, ҷойгир шудааст ва бо Муассисаи давлатии”Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷират ҳамкории зич дорад.

Ҳадафҳои мушаххас барои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Такмили идоракунии муҳоҷират дар кишварҳои Роҳи Абрешим”:

  • Такмил додани идоракунии муҳочират ва мобилӣ тавассути ташкили Маркази масъулиятнок, муассир ва устувори захиравӣ барои муҳоҷирон (МЗМ).
  • Коҳиш додани осебпазирӣ ва мушкилоте, ки муҳоҷирон ҳангоми кор ва зиндагӣ дар хориҷа дучор меоянд, тавассути пешниҳоди иттилоот ва маслиҳатҳои зарурӣ, саривақтӣ ва боэътимод, инчунин тавсияҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират.

 

Нақшҳо ва вазифаҳои МЗМ:

  • Таҳияи заминаи дониш оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба муҳоҷирони эҳтимолӣ, ки ба хориҷа мераванд ва ба Ватан бармегарданд, аз ҷумла модулҳои омӯзишӣ пеш аз сафар.
  • Баланд бардоштани иқтидори кормандони вазорат, ки дар омӯзиш ва машварати муҳоҷирон пеш аз сафар, ба муҳоҷирони баргашта, ва барои бехтар намудани хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалб карда шудаанд.
  • Таҳияи барномаҳои корӣ барои иттилоотонии аҳолии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират, аз ҷумла тавассути мақомоти ҳокимияти махаллӣ.
  • Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи муҳоҷират, тавассути васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва инчунин тариқи гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ.
  • Муттаҳид намудани кушишҳои ҷонибҳои манфиатдор дар самти таҳияи механизми бозравонии муҳоҷирон, аз ҷумла барои таълими касбӣ ва дастгирии онҳо оид ба масъалаҳои ҳамгироӣ ва ғайра.

 

Кӣ метавонад бо мо тамос гирад?

Маркази мо ба дастгирии муҳоҷирон ҷорӣ ва муҳоҷирони эҳтимолӣ равона карда шудааст, ва бо мо бевосита тамос гирифтан имконпазир аст, лекин мо инчунин пешниҳод менамоем, ки муҳоҷирон, пеш аз сафар ба кишвари иқомат ва баъд аз баргаштан, ҳама гуна маълумоти заруриро аз сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд. Ғайр аз он, мо метавонем онҳоро ба ҳама мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар шарикон, агар лозим ояд, ирсол намоем.

 

Оё МЗМ метавонад дар хориҷ кор пайдо кунад?

Не, МЗМ шуморо бо кор дар хориҷа таъмин карда наметавонад. МЗМ як маркази захиравӣ мебошад, ки иттилоот ва роҳнамоии онлайнро барои муҳоҷирон таъмин мекунад. МЗМ маркази кор ё агентии шуғли аҳолӣ нест.

 

Оё МЗМ метавонад ба ман дар гирифтани раводид кумак кунад?

Не, МЗМ гирифтани раводидро осон карда наметавонад. Аммо, тавассути маълумоте мо, ки дар сомонаи МЗМ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардан мумкин аст, шумо метавонед тарзи гирифтани раводидро омӯзед.

 

Шумо барои хизматҳоятон пул мегиред?

Не, ҳамаи хизматҳои мо комилан ройгон аст ва дар Интернет, дар сомонаи мо дастрас карда мешавад.

 

Оё МЗМ метавонад барои донишҷӯён ҷаласаҳои шиносоӣ/роҳнамоӣ гузаронад?

Бале, МЗМ метавонад барои донишҷӯёни мактабҳои касбӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои касбӣ ҷаласаҳои роҳнамоӣ гузаронад. Мушовири МЗМ бо иштироки намояндагони вазорат ба донишкадаҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои техникӣ ташриф оварда, ҷаласаҳои роҳнамоӣ оид ба муҳоҷиратро мегузаронад.

 

МЗМ чӣ гуна метавонад ба ман дар сафар ба хориҷа кӯмак кунад?

МЗМ метавонад ба шумо маълумоте пешниҳод кунад, ки ба шумо дар қабули қарори огоҳонаи муҳоҷират кӯмак кунад.

 

Оё МЗМ метавонад тафтиш кунад, ки аз моҳи январи соли 2021 кӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шудааст?

Не. МЗМ маълумоти шиносномаи шуморо тафтиш карда наметавонад. Шумо метавонед маълумоти шиносномаатонро оид ба мавҷуд будан ё набудани манъи вуруд ба Федератсияи Россия тавассути сомонаи Сарраёсати корҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия, бо истифода аз истиноди зерин, муайян намоед: сервисы.гувм.мвд.рф

 

Шумо метавонед маълумоти муфассалро дар бораи қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Россия дар дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия назди Вазорати тандурустӣ пайдо кунед ё инчунин маълумоти муфассалро аз брошюраи мо пайдо намоед. Аз инҷо дастрас намоед:

 

Оё ман метавонам барои санҷиши забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар МЗМ имтиҳон супорам?

Не. Шумо дар МЗМ имтиҳон супорида наметавонед. Шумо имконият доред, ки дар филиали Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи Ломоносов дар Душанбе дар кӯчаи Бохтар 35/1 имтиҳон супоред ва соҳиби “Шаҳодатнома” шавед. Тафсилоти бештар дар: https://www.muhojir.info/faq

 

Кӣ дар МЗМ кор мекунад?

Гурӯҳи МЗМ аз мутахассисони дорои таҷрибаи кофӣ дар соҳаи муҳоҷират, машварат ва робита бо ҷомеа иборат аст. Гурӯҳро як ҳамоҳангсози МЗМ роҳбарӣ мекунад ва аз ҷониби мушовирони МЗМ дастгирӣ карда мешавад. Гурӯҳи МЗМ қисми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВММША) мебошад ва аз ҷониби Маркази Байналмилалии Рушди Сиёсати Муҳоҷират (МБРСМ) дастгирӣ карда мешавад. МЗМ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаҳо "Такмили идоракунии муҳоҷират дар кишварҳои Роҳи Абрешим" ва "Таъсиси МЗМ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷират дар Тоҷикистон" маблағгузорӣ карда мешавад.