mrc_tajikistan

Иштироки МЗМ дар маросими ифтитоҳи Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе

31 August 2026

25 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд. Дар доираи чорабинӣ MRC оид ба фаъолияти худ, самтҳои асосии кор ва хизматрасониҳои машваратие, ки ба шаҳрвандон дар самти муҳоҷирати меҳнатии бехатар пешниҳод менамояд, маълумот дод.

Дар рафти чорабинӣ кормандони MRC барои шаҳрвандоне, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ ба Булғористонро доранд, машғулияти амалӣ оид ба омодагии пеш аз сафар баргузор намуданд. Ба иштирокчиён оид ба муҳоҷирати бехатар, аҳамияти омодагӣ пеш аз сафар ва зарурати санҷиши ҳуҷҷатҳо, шартҳои меҳнат ва талаботи кишвари қабулкунанда маълумот пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки пеш аз сафар аз куҷо метавонанд маълумоти боэътимод ва машваратҳои заруриро дастрас намоянд, то хавфҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш дода шаванд.

Қисми алоҳидаи чорабинӣ ба омӯзиши забони англисӣ бахшида шуд. MRC омӯзиши кӯтоҳ баргузор намуда, дар доираи он ба иштирокчиён усулҳои самараноки омӯзиши забони англисӣ дар муддати кӯтоҳ, тавсияҳо барои омӯзиши мустақилона ва захираҳою воситаҳои дастраси онлайн, ки барои омӯзиши мунтазами забон истифода бурда мешаванд, пешниҳод гардиданд.

Фаъолияти MRC дар самти пешниҳоди маълумот, машварат ва омодасозии муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ аз ҷониби иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ баҳои баланд гирифт. Таъкид гардид, ки пешниҳоди маълумоти амалӣ ва дастгирии машваратӣ ба шаҳрвандон пеш аз сафар ба таъмини муҳоҷирати бехатар ва омодашуда мусоидат менамояд. Иштирокчиён инчунин ба идома ва густариши фаъолияти MRC дар ин самт, аз ҷумла баргузории вохӯриҳои иттилоотии пеш аз сафар, машваратҳо ва чорабиниҳои омӯзишӣ барои шаҳрвандони нияти муҳоҷирати меҳнатӣ дошта, ҳавасмандӣ изҳор намуданд.