mrc_tajikistan

Сессия иттилоотӣ барои имом-хатибон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва пешгирии қаллобӣ ҳангоми бакортаъминшавӣ дар хориҷи кишвар

16 July 2026

15 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе семинари иттилоотӣ барои имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии имом-хатибон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва қонунӣ, пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ ҳангоми бакортаъминшавӣ дар хориҷи кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ буд.

Дар кори семинар намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) ва имом-хатибон аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ ба иштирокчиён маълумот дар бораи фаъолияти Маркази захиравии муҳоҷирон (РЦМ), хизматрасониҳои дастрас барои шаҳрвандон, тағйироти муҳими қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, хавфҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ва қонунвайронкуниҳои маъмултарини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба қаллобӣ дар самти бакортаъминшавӣ, қаллобии интернетӣ ва фаъолияти миёнаравҳои ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ оид ба пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ баромад намуда, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва ҳифзи қурбониёни эҳтимолии он маълумот пешниҳод намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда муҳокима гардида, барои мубодилаи фаврии иттилоот ва расонидани маълумоти саривақтӣ ба имом-хатибон гурӯҳи махсуси WhatsApp таъсис дода шуд. Ин гурӯҳ барои паҳн намудани маълумоти расмӣ, тағйироти қонунгузорӣ ва огоҳ намудани аҳолӣ оид ба муҳоҷирати бехатар хизмат хоҳад кард.