mrc_tajikistan

17 марти соли 2026 барои намояндагони Хадамоти муҳоҷират, инчунин кормандони Маркази машваратӣ ва омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид.

9 June 2026

Ҷаласаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои ВНМО

17 марти соли 2026 барои намояндагони Хадамоти муҳоҷират, инчунин кормандони Маркази машваратӣ ва омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласа мавзӯъҳои зерин баррасӣ шуданд:

Маълумоти умумӣ дар бораи ВНМО;

Роҳҳои гузариш ва чораҳои пешгирӣ;

Дастрасии муҳоҷирон ба хизматрасониҳо оид ба пешгирӣ ва ташхиси ВНМО.

Ҷаласа бо муҳокимаи фаъол дар шакли саволу ҷавоб анҷом ёфт, ки ба иштирокчиён имкон дод доир ба масъалаҳои муҳим тавзеҳоти иловагӣ гиранд.

Чорабинӣ бо иштироки коршиносони Маркази ҳуқуқи инсон, бо дастгирии ICMPD ва Маркази захираҳои муҳоҷирон баргузор гардид.