mrc_tajikistan

Хабарҳо

Сессия иттилоотӣ барои имом-хатибон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва пешгирии қаллобӣ ҳангоми бакортаъминшавӣ дар хориҷи кишвар

16 July 2026

15 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе семинари иттилоотӣ барои имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии имом-хатибон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва қонунӣ, пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ ҳангоми бакортаъминшавӣ дар хориҷи кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ буд. Дар кори семинар намояндагони Вазорати меҳнат, […]

Читать

Як пиёла чой бо Медиа»: муколама оид ба муҳоҷирати бехатар ва нақши воситаҳои ахбори омма

10 July 2026

9 июли соли 2026 дар маҷмааи «Грин Вуд Хаус» вохӯрии намояндагони воситаҳои ахбори омма, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи коршиносон, блогерҳо ва шарикони иттилоотӣ дар доираи ташаббуси «Як пиёла чой бо Медиа» баргузор гардид. Чорабинӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва таҳкими ҳамкорӣ байни ВАО ва ташкилотҳои фаъол дар соҳаи муҳоҷират бахшида шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ […]

Читать

17 марти соли 2026 барои намояндагони Хадамоти муҳоҷират, инчунин кормандони Маркази машваратӣ ва омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид.

9 June 2026

Ҷаласаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои ВНМО 17 марти соли 2026 барои намояндагони Хадамоти муҳоҷират, инчунин кормандони Маркази машваратӣ ва омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар доираи ҷаласа мавзӯъҳои зерин баррасӣ шуданд: Маълумоти умумӣ дар бораи ВНМО; Роҳҳои гузариш ва чораҳои пешгирӣ; Дастрасии муҳоҷирон ба хизматрасониҳо оид ба пешгирӣ ва ташхиси ВНМО. […]

Читать

Дар давоми моҳи мазкур Маркази захираҳои муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо шарикон як қатор чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии шаҳрвандон баргузор намуд.

9 June 2026

Дар давоми моҳи мазкур Маркази захираҳои муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо шарикон як қатор чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии шаҳрвандон баргузор намуд. Мавзӯъҳои баррасишуда: Малакаҳои нарм (soft skills); Муҳоҷирати бехатар; Пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ; Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ. Чорабиниҳои баргузоршуда: 2 маротиба дар МСМ; 1 маротиба дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир; […]

Читать

Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи REMIT PRIME (IFAD), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо

9 June 2026

Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи REMIT PRIME (IFAD), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, лоиҳаеро амалӣ менамояд, ки ба рушди пардохтҳои фаромарзӣ тавассути васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии молиявӣ, баланд бардоштани фарогирии молиявӣ ва дастгирии муҳоҷирони баргашта дар ташкили манбаъҳои устувори даромад, махсусан дар минтақаҳои деҳот, равона шудааст. Дар доираи […]

Читать